12345

Дар бораи Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва сермиллат мебошад. Вай сиёсати хориҷию дохилиро мустақилона амалӣ мекунад ва бартарияти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби аҳли умум эътироф гардидаро ба эътибор мегирад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ аст.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент кафили Сарқонун (Конститутсия) ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои одам ва шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва бутунии ҳудуд...

Муфассалтар...